تبليغاتX
اسلام=Ислом=Islam

اسلام=Ислом=Islam

"Ҷавонӣ фасли шукуфойӣ умр аст"

Адреси ҷадиди сомона

Нишонаи ҷадиди сомонаи ИСЛОМТҶ

www.javonon.blogfa.com

+ نوشته شده در  2011/11/14ساعت 12:52  توسط Одинамуҳаммад  | 

Насли чавон

Фирдавси Аъзам аз шоирони чавони кишвари азизамон хаст, ки пайваста бо сурудахои ширину дилнишинаш ба мо чавонон газои маънави медихаду руху чони моро таровати тоза мебахшад. Чанд сурудаи эшонро, ки бисёр ба ман писанд омад ва онхоро аз фоида холи намебинам мехохам дар ихтиёри шумо низ карор дихам, шояд шумо хам аз онхо хушатон меояд, бовар намекунед, мархамат хонеду баъдан назари муборакатонро ба мо ирсол намоед.

Насли ман

Насли ман, бедор шав
Мастихо як су куну хушёр шав
Солхо дар хоби гафлат зиндаги карди бас аст,
Чашм во кун, сарбадори дар рахи эхёи нангу ор шав
Дар чахоне, ки башар хасми башар дар хар кучо
Бо силохи фикри худ дар кор шав
Равзане дар тор шав
 


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/9/8ساعت 17:40  توسط Одинамуҳаммад  | 

Худовандо

Худовандо!
               ба додаат
                            ба надодаат
                                            ба гирифтаат
                                                               шукр
                                                                      додаат раҳмат
                                                                                     надодаат ҳикмат
                                                                                                   вагирифтаат
                                                                                                          имтиҳон аст.

+ نوشته شده در  2010/9/5ساعت 16:27  توسط Одинамуҳаммад  | 

Худоро дуст дорам ба хотири инки

Худоро дуст дорам ба хотири инки:

Худоро дуст дорам ба хотири инки бо ҳар username ки бошам, манро connect мекунад.

Худоро дуст дорам ба хотири инки бо як delete ҳар чиро хоҳам пок мекунад.

Худоро дуст дорам ба хотири инки ин ҳама Friend барои ман add мекунад.
Худоро дуст дорам ба хотири инки ин ҳама wallpaper ки update мекунад.
Худоро дуст дорам ба хотири инки хеле инсони бад ҳастам, вале манро log off намекунад.

Худоро дуст дорам ба хотири инки ҳама чизи манро медонад, вале send to all намекунад.
Худоро дуст дорам ба хотири инки мегузорад ҳар ҷое ки мехоҳам Invisibel равам.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/9/1ساعت 15:22  توسط Одинамуҳаммад  | 

Бузургтарин мизи ифтории ҷаҳон

Бузургтарин мизи ифтории ҷаҳон
Мусалмонони Истанбули Туркия бо чидани мизи ифторӣ дар хиёбон тавонистанд рекорди бузургтарин мизи ифториро дар ҷаҳон ба сабт расонанд. Шаҳри Истанбул шоҳиди чида шудани бузургтарин суфраи ифтор дар ҷаҳон буд, ки 24 ҳазор нафарро даври худ ҷамъ кард ва вориди китоби сабти рекордҳои ҷаҳонӣ Гинес шуд. Шабакаи хабарии “TRT”-и Туркия эълон кард, барои чидани ин суфра беш аз 7 ҳазор миз истифода шуд, то суфрае ба андозаи 10 километр чида шавад. Руи ин суфраи ифторӣ 10 тонна биринҷ, 8 тонна хуроки гушт ва 1500 синӣ сабзиҷот қарор дода шуд.
Рекорди қаблӣ бузургтарин суфра мутааллиқ ба Амрико буд, ки 16 ҳазор нафарро даври худ ҷамъ карда буд.


+ نوشته شده در  2010/8/31ساعت 18:21  توسط Одинамуҳаммад  | 

Меҳмонони вижаи Худо

Меҳмонони вижаи Худо

Ҳар гоҳ мешунидам Рамазон моҳи меҳмонии Худост ду савол дар зеҳнам эҷод мешуд.

1.    Оё инсон фақат дар моҳи Рамазон меҳмони Худост?
2.    Оё Худованд аз меҳмони худ бо ташнагию гуруснагӣ пазироӣ мекунад?

Бо каме тааммул ҷавобамро гирифтам:

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/8/29ساعت 19:7  توسط Одинамуҳаммад  | 

Анвои зикр

Анвои зикр

Зикри ҷавориҳ- ба кор андохтани аъзои бадан дар тоату ибодат аст, монанди намоз хондан, ки Худованд мефармояд فاسعوا الی ذکر الله яъне шитобед ба суи намоз.

Баъзе аз орифон мефармоянд зикри Худо бар ҳафт узв аст:
1.    Зикри ду чашм- гиря.
2.    Зикри ду гуш- шунидани чизҳои хуб.
3.    Зикри забон- санои Худованд гуфтан.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/8/27ساعت 10:42  توسط Одинамуҳаммад  | 

Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон

Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон
Шукр Худоеро, ки неъмати ҳаётро арзонӣ дошт. Одамӣ бояд неъматшинос бошад. Асли неъмат ва баҳрабардории одамӣ умр аст. Умр, ки тамом шуд дафтар баста мегардаду ҳеҷ баҳраи дигар надорад. Инсон ҳар баҳрае, ки мехоҳад барад фақат дар вақти ҳаёти ўст, умр ки ба поён расид на гуноҳат илоҷ дорад, ки ба тавба пок шаваду на савобат зиёд мегардад. Ба қавли шоир:



ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/8/2ساعت 12:57  توسط Одинамуҳаммад  | 

Ранги нури хуршед

Ранги нури хуршед

Агар ранги нури хуршед ранги дигар буд, яъне сабз, кабуд, қаҳваӣ, бунафш ва монанди инҳо буд, оё медонед чи мешуд?

Таҷриба нишон додааст, ки чашми инсон дар ғайр аз ин нури ҳозираи хуршед, аз дидани дақиқ маҳрум аст. Истимрор ва давомдор будани рангҳои дигар хастакунанда буда хатари ҷунун ва таъсироти ногувори асабию руҳӣ дорад. Яке аз авомили шиканҷа истимрори нурҳои рангин мебошад.
Агар нури хуршед ба ранги дигар буд, зиндагии гиёҳон барҳам мехурд, чун ин нур аст, ки ба гиёҳон ҳаёт мебахшад. Гиёҳон, ки мерафтанд ба дунболашон ҷондороон ҳам хайрухуш мекарданду мерафтанд.
Ростӣ оё ташхиси ин нури судманд барои хуршед аз миёни нурҳои рангини зиёновар, нишонаи ҳикмати комил, дониши номаҳдуд ва қудрати номутаноҳии гирдоварандаи ҷаҳон намебошад?


+ نوشته شده در  2010/7/18ساعت 11:26  توسط Одинамуҳаммад  | 

Бандҳои ангуштон

Бандҳои ангуштон

Шохаҳои дарахтон бештар якнавохт мебошанд ва бозу баста намешаванд, вале ангуштони мо ҷамъ мешаванд, бозу баста мегарданд, чаро?
Чун ҳар ангуште дорои чанд банд мебошад. Оё агар анруштони мо монанди шохаи дарахтон буд ва бозу баста намешуд, чи мешуд? Чизе намешуд, осоиши зиндагии инсон аз байн мерафт, дониш аз байн мерафт, яъне дониш пайдо намешуд чун касе қодир бар навиштан набуд.

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/7/13ساعت 15:40  توسط Одинамуҳаммад  | 

Маъмурияти ақраб (каҷдум) дар газидани мор

Маъмурияти ақраб (каҷдум) дар газидани мор

Зуннуни Мисрӣ ин марди шариф рўзе канори дарёи Нил мерафт. Дид ақрабе ба суръат ба тарафи дарёи Нил меравад. Ба худ гуфт: маълум мешавад ин ақраб маъмурияти фавқулодае дорад. Пушти сари ақраб омад то ба аввали дарё расид ва дид, ки қурбоқае аз об берун омаду худашро ба девораи соҳил часпонид. Ақраб омаду руи пушти ин қурбоқа савор шуду руи об арзи дарёи Нилро тай кард. Зуннун ҳам фавран қойиқе гирифту савор шуд.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/6/30ساعت 15:51  توسط Одинамуҳаммад  | 

Хуршед кучак мешавад, вале

Хуршед кучак мешавад, вале...
Хуршеди мо дорои вазни муайян ва ҳаҷми муайн мебошад, ки донишмандон андозаи ҳар кадомро таъйин кардаанд, ҳатто миқдори ҳарорати сатҳи хориҷии хуршедро низ медонанд. Рўзона сесаду панҷоҳ ҳазор милён тонна аз вазни хуршед кам мешавад, яъне ба ҳарорат ва энержӣ табдил шуда ба фазо пароканда мегардад ва ба ҳамон нисбат аз ҳаҷми вай низ кам мешавад. Акнун тасаввур кунем, ки ҳар сол ҳаҷми хуршед чи қадар кам мешавад ва ҳамчунин аз аввали умри хуршед то ҳоло чи қадр аз ҳаҷми он коста шудааст.



ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/6/18ساعت 18:11  توسط Одинамуҳаммад  | 

Чанд рубоӣ аз Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ

Чанд рубоӣ аз Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ
Боз-о, боз-о ҳар ончи ҳастӣ боз-о,
Гар кофару габру бутпарастӣ боз-о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ боз-о.

Айб аст бузург бар кашидан худро,
В-аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.
Аз мардумаки дида бибояд омухт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/6/14ساعت 9:22  توسط Одинамуҳаммад  | 

Тамассук ба номи Паёмбар

Тамассук ба номи Паёмбар (с)

 Инсони илоҳӣ ва ноиби Худо дар низоми ҳастӣ ному ёдаш, ному ёди Худованд аст. Зеро ў мазҳари асмои Худованд буда ва халифаи ў дар рўи замин аст. Аз онҷо, ки номи муқаддаси Расули акрам (с) дар китобҳои осмонии қабл аз Қуръон омада буд, аксаран ба номи муқаддаси он ҳазрат маънусу ошно буданд.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/6/7ساعت 20:33  توسط Одинамуҳаммад  | 

Ислом дини хирад ва дониш

Ислом дини хирад ва дониш

 وَتِلْکَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ وَمَا يَعْقِلُهَا إِلَّا الْعَالِمُونَ

 “Инҳо мисолҳоест, ки мо барои мардум мезанем ва ҷуз доноён (олимон) онро дарк намекунанд” (Анкабут - 43)

Ҳангоме, ки баъзе аз динҳо мардумро ба беэътиноӣ ба ақл ва беҳуда донистани андеша даъват мекарданд ва аз мардум мехостанд дари тафаккуру тааққулро ба руи худ банданду дар масоили донишу дин баҳс накунанд, Ислом аз оғози кор, ки нураш партав афканд ба овози баланд ба мардум гуфт:

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/6/1ساعت 20:32  توسط Одинамуҳаммад  | 

Аҷоиботи офариниш

Аҷоиботи офариниш

 سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّي‏ يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ

“Ба зудӣ нишонаҳои қудрати худро дар атрофи ҷаҳон ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки Ў ҳақ аст.”  (Фуссилат / 53)

Барои ошноӣ бештар бо баъзе аз нишонаҳои Худованд нигоҳе ба ин навишта андозем.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/28ساعت 23:33  توسط Одинамуҳаммад  | 

Аз рисолаи “Илоҳинома” –и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ

Аз рисолаи “Илоҳинома” –и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ
Эй кариме, ки бахшандаи атоӣ ва эй ҳакиме, ки пушандаи хатоӣ ва эй самаде, ки аз идроки халқ ҷудоӣ ва эй аҳаде, ки дар зоту сифот беҳамтоӣ ва эй холиқе, ки роҳнамоӣ ва эй қодире, ки худоиро сазоӣ. Ҷони моро сафои худ деҳ ва дили моро ҳавои худ деҳ ва чашми моро ризои худ деҳ ва моро он деҳ, ки моро он беҳ ва магузор моро ба кеҳу меҳ 1.

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/27ساعت 19:53  توسط Одинамуҳаммад  | 

Ҳикмати Худо ва инсони зоҳирбин

Ҳикмати Худо ва инсони зоҳирбин

Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз санг афтод. Ў бо дили ларзону ашки сўзон дуо мекард, ки худованд аз ин гирифторӣ наҷоташ диҳад. Рўзҳо уфуқро ба дунболи ёрирасоне аз назар мегузаронид, аммо касе намеомад. Саранҷом хастаю аз по...


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/24ساعت 19:49  توسط Одинамуҳаммад  | 

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ


Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
Дар моҳи шаъбони соли 396 ҳиҷрӣ  дар шаҳри Ҳирот дар оилаи Абумансур Муҳаммади Ансорӣ, ки баъд аз шаш насл ба саҳобаи бузургу олиқадр Абуайюби Ансорӣ (р) мерасид, писаре таваллуд ёфт, ки номи ўро Адуллоҳ гузоштанд. Абдуллоҳ дар овони кудакӣ ба шеъру ирфон алоқаи хоссе дошт. Ў зеҳни фавқулодае дошт ва улуми зиёдеро аз қабили адабиёт, забони арабӣ ва илми тафсир, ҳадису фиқҳ, калому фалсафа...

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/20ساعت 20:51  توسط Одинамуҳаммад  | 

Асари дуо ва намоз дар Ислом

Асари дуо ва намоз дар Ислом

وَقَالَ رَبُّکُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَکُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَکْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ

  “Парвардигори шумо гуфтааст : маро бихонед то (дуои) шуморо бипазирам, касоне, ки аз ибодати ман такаббур меварзанд, ба зудӣ ба хорию зиллат вориди дузах мешаванд.”


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/17ساعت 14:51  توسط Одинамуҳаммад  | 

Ихлос дар ният

Ихлос дар ният
Барои мо мусалмонон (ҷомеаи аҳли суннат ва ҷамоат) баъд аз китоби Худо, яъне Қуръон бузургтарин ва муқаддастарин китоб, китоби “Саҳеҳ Бухорӣ” мебошад, ки аҳодиси набавӣ дар он ҷамъоварӣ шудаанд. Ин китоби муқаддас ба ин каломи ширини Паёмбари Ислом (с), ки аз халифаи дувуми муслимин Амиралмуъминин Умари Форуқ (р) ривоят шудааст, шуруъ мешавад:

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  2010/5/17ساعت 12:35  توسط Одинамуҳаммад  |